Истеҳсоли доруворӣ бо тамғаи «Made inTajikistan» меафзояд
Душанбе, 6 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Алҳол, дар Тоҷикистон аз сўи 12 ширкати ватанӣ беш аз 70 номгўй маводи доруворӣ истеҳсол мегардад. Ин матлабро Нусратулло Салимов, вазири тандурустии ҷумҳурӣ зимни ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ», ки 6 июн дар палатаи поёнии парлумони мамлакат баррасӣ ва қабул гардид, ироа намуд. Вазир гуфт, ки ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи ин қонун тақвияти раванди шомил шудани Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат /СҶТ /, хусусан мутобиқ намудани он ба Созишнома доир ба ҷанбаҳои тиҷоратии ҳуқуқ ва моликияти зеҳнии санади СҶТ, яъне махфӣ нигоҳ доштани маълумоти зарурӣ ҳангоми бақайдгирии маводи доруворӣ ва молҳои тиббист. Н. Салимов афзуд, ки алҳол дар ҷумҳурӣ беш аз се ҳазор номгўй маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, ки аз он 3 ҳазору 170 номгўяш аз кишварҳои хориҷӣ ворид гардида ва 74 намуди онҳо истеҳсоли ватанианд. Мавсуф гуфт, ки дар бахши фармасевтии кишвар беш аз 50 санади меъёрию ҳуқуқӣ таҳия ва тасдиқ гардидааст. Дар Тоҷикистон чун дар дигар кишварҳои ҷаҳон воридот, истеҳсол, фурўш ва истифодаи маводи доруворӣ танҳо дар сурати бақайдгирии давлатии онҳо иҷозат дода мешавад. Бақайдгирии доруворӣ дар кишварамон аз соли 1993 инҷониб ба роҳ монда шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






