«Кайҳон» фарзандони оилаҳои камбизоатро ба истироҳат ҷалб менамояд
Душанбе, 21 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Имрӯз Фароғатгоҳи «Кайҳон» дарҳои худро ба рӯйи фарзандони кормандони соҳаи авиатсияи кишвар боз кард. Дар ин бора Муҳаммадюсуф Шодиев сардори матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод. Фароғатгоҳ дар се баст фаъолият намуда, дар он мутахассисони варзида даъват шудаанд. Ҳайати педагогӣ аз 13 нафар иборат буда, сармураббӣ, духтур, ҳамшираҳои шафқат, ошпазҳои пуртаҷрибаи касбӣ, кормандони техникӣ ба кор ҷалб карда шуданд.Ба иттилои манбаъ дар басти аввал 170 нафар ба истироҳат фаро гирифта мешавад. Аз ин теъдод 10 нафар аз тарбиягирандагони Хона-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Шаҳринав барои истироҳат ҷалб шудаанд. Маъмурияти фурудгоҳ ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони авиатсия тасмим гирифтаанд дар бастҳои дигар низ аз хона-интернатҳои ҷумҳурӣ фарзандони оилаҳои камбизоатро барои истироҳат ҷалб намоянд.








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






