Коркарди пӯст роҳандозӣ мешавад
Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Баъди дар Тоҷикистон манъ шудани содироти чарму пӯст, ҳар сол ҳаҷми коркарди пӯст меафзояд. Бинобар моҳи июни соли ҷорӣ ба охир расидани эътибори манъи ба хориҷа баровардани пӯст, Вазорати энергетика ва саноати ҶТ як қатор ҳуҷҷатҳоро дар мавриди тамдид намудани манъи содироти пӯст ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намуд. Дар ин бора аз Вазорати саноат ва энергетикаи ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Мувофиқи суханони манбаъ, қабл аз тасдиқи ҳуҷҷатҳои ба Ҳукумати ҶТ пешниҳодшуда онҳо дар вазорату идораҳои дахлдори кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зиёда аз ин, дар ҷумҳурӣ коркарди пурраи пӯст роҳандозӣ мешавад. Ин ба корхонаҳои кишвар имкон медиҳад, ки таҷҳизоти технологиро нав карда ва ба усули пурраи коркарди пӯст ва тавлиди маҳсулоти чармин машғул шаванд.Қобили зикр аст, ки алҳол дар ҷумҳурӣ марҳалаи аввали коркарди чарм бо усули ветблю ва пикел рӯи кор оварда мешавад. Дар ҷумҳурӣ корхонаҳои аз кормонда боз ба кор шурӯъ карда, ду корхонаи нави коркарди чарм ва як корхонаи пашм ба истифода дода шудааст. Алҳол дар ҷумҳурӣ 8 корхонаи хурди коркарди пӯст фаъолият дорад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






