М. Маҳмадаминов доир ба кори иҷтимоӣ сухан гуфт
Душанбе, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Зарина Саидова).- Дар факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмадаминов бо донишҷӯён ва ҳайати устодони факулта баргузор гардид. Мақсади вохӯрӣ таваҷҷӯҳи донишҷӯёнро ба муҳиму зурур будани хизматрасонии иҷтимоӣ ба ашхоси имконияташон маҳдуд, алалхусус кӯдакони маъюб ҷалб кардан ва ташкили таҷрибаомӯзии онҳо дар муассисаҳои вазорат буд. Дар вохӯрӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Ҳ. Одинаев ва декани факултаи фалсафаи донишгоҳ Р. Назаров ширкат карданд.Иштирокчиён дар бораи таърихи ихтисоси кори иҷтимоӣ ва зарурияти таълими ин ихтисос дар Тоҷикистон, масоили ҳамкории вазорату ДМТ ва нақшаҳои минбаъда сухан гуфтанд. Зикр шуд, ки таъсиси ин гурӯҳ раванди рушду такомули минбаъдаи соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро меафзояд. Вазорат бо назардошти он, ки ислоҳоти куллии низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба мутахассисони соҳибкасби соҳа ниёз дорад, иқдоми мазкурро амалӣ намуд. Дар донишгоҳҳои мамлакатҳои рушдёфтаи Аврупо беш аз 100 сол мешавад, ки мутахассисон бо ихтисоси «Кори иҷтимоӣ» тайёр мешаванд. Мутахассисони ин соҳа лар айни замон дар зиёда аз 100 муассисаи таҳсилоти олии Федератсияи Русия, 60 мактаби олии Украина ва 60 мактаби олии Қазоқистону Молдова тайёр карда мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






