Маҳсули таълифоти олимон ба намоиш гузошта шуд

Июнь 12, 2012 11:34

Душанбе, 12 июн.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).-Беш аз 90 номгўй адабиёти таълимӣ, 46 номгўй адабиёти илмӣ-тиббӣ, 13 номгўй луғатҳо ва маҷаллаю нашрияҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибн Сино дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд. Адабиёти тиббии мазкур бори нахуст ба табъ расида, онҳо аз ҷониби олимону устодони Донишгоҳ таълиф шудаанд, гуфт дар сўҳбат ба хабарнигори АМИТ “Ховар” Шодмон Ахмедов, ёвари ректори Донишгоҳи мазкур. Мавсуф афзуд, ки захираи маводи таълимӣ ва ғанӣ гардонидани фонди китобхона, яке аз омилҳои муҳим ҷиҳати пешбурди фаъолияти босубботи макотиби олии кишвар, хусусан Донишгоҳи тиббӣ маҳсуб мешавад. Алҳол дар Фонди умумии китобхонаи Донишгоҳ 668 ҳазору 284 нусха китоб нигоҳ дошта мешавад, ки аз он 521 ҳазору 997 нусха адабиёти таълимӣ, илмӣ, бадеӣ ва 143 ҳазор нусхаро захираҳои электронӣ ташкил медиҳанд. Мавриди зикр аст, ки бо эъмори бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки яке аз биноҳои мўҳташам ва беназир дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад, аҳли устодону донишҷўёни Донишгоҳи тиббӣ 19 ҳазору 500 нусха китобро, ки 390 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, баҳри ғанӣ гардонидани ин ганҷина эҳдо намуданд.

Июнь 12, 2012 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд