Марзи Данғара тағйир дода мешавад

Июнь 15, 2012 10:10

Душанбе, 15 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Марзи ноҳияи Данғара тағйир дода мешавад. Дар ин хусус аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи нўҳум пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тағйири сарҳади ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон»-ро баррасӣ намуда, дар асоси моддаҳои 7 ва 8-и Қо¬нуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул намуд. Тибқи тартиби муқарраршуда ва лоиҳаи нақшаи замимагардида қитъаҳои замин дар масоҳати 2 ҳазору 231, 50 гектар, аз ҷумла аз заминҳои шаҳри Сарбанд 877, 51 гектар, ноҳияи Ёвон 481, 20 гектар ва ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ 872, 79 гектар ба ҳудуди марзи маъмурии Данғара гузаронида мешаванд.

Июнь 15, 2012 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд