Миршакар мири сухан буд
Хоруғ, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Чанде пеш дар маркази ноҳияи Роштқалъа ба истиқболи 100 — умин солгарди зодрӯзи барандаи Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҷоизаи давлатии ҷумҳурӣ ба номи Рӯдакӣ, Шоири халқии Тоҷикистон устод Мирсаид Миршакар конфронс баргузор гардид.Конфронсро раиси ноҳия Амоншоҳ Наврӯзшоев ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки Мирсаид Миршакар бо ашъори волояш ба Ватан хизмат карда, чун шоири бачагона ва достонсаро дар адабиёти тоҷик мавқеи хоса пайдо намуд.Дар хотимаи конфронс шоирон Лаъҷубаи Мирзоҳасан, Лутфишоҳи Додо, Ҷонибеки Қозибек, Алидоди Чароғабдол шеърҳои ба Миршакар бахшидаашонро қироат намуданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






