Муҳокимаи масъалаҳои марбут ба тиҷорат
Душанбе, 6 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 5 июн муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лариса Кислякова ва роҳбари гурӯҳи кории Барномаи рушди СММ оид ба мусоидат ба тиҷорат Йорн Риккеи дар шаҳри Душанбе масъалаҳои рушду ривоҷи тиҷорат дар Тоҷикистон аз нигоҳи густариши тиҷорати минтақавиро мавриди муҳокима қарор доданд.Тавре ки аз ПСС ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Йорн Риккеи дар ҷараёни мулоқот аз мақсадҳои лоиҳа дар мавриди беҳдошти нерӯи бахши инфиродии Осиёи Марказӣ, ривоҷи дастрасии соҳибкории хурду миёна ба хидматрасониҳои молиявӣ, афзун намудани иқтидори иттилоотӣ ва дастгирии корхонаҳои аз нигоҳи экологӣ тозабудаи инноватсионӣ хабар дод. Ин лоиҳа дар вилояти Суғд амалӣ мегардад. Лариса Кислякова дар навбати худ аз фаъолияти Палатаи савдо ва саноати чумҳурӣ бобати осон гардонидани тартиби тиҷорат, ба бозори Аврупо баровардани маҳсулоти кишвар ва ғайра нақл кард. Дар ҷараёни мулоқот нақшаҳои ҳамкории муштараки байни ПСС ва лоиҳаи Барномаи рушди СММ оид ба мусоидат ба тиҷорат муайян карда шуданд.








Имрӯз дар дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд






