Мукофот муборак!
Душанбе, 13 июн. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). – Наворбардори маъруфи синамо, суратгир, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Заур Рустамович Дахте ба ифтихори таҷлили Рӯзи Русия бо аввалин дипломи Маркази илму фарҳанги Русия воқеъ дар шаҳри Душанбе мукофотонида шуд.Диплом дар ҷараёни мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Русия дар мавзӯи «Русия — давлати муқаддаси мо, Русия кишвари маҳбуби мо» дар вазъияти ботантана ба Заур Дахте супурда шуд. Хотирнишон месозем, ки намоиши суратҳои Заур Дахте бо ибтикори Иттифоқи доғистониҳои Тоҷикистон ташкил карда шуда буд. Заур Дахтеи доғистонӣ, ки Тоҷикистон ватани дуюми ӯ гардидааст, 60 сол боз дар кишвари мо зиндагӣ ва кор мекунад. Бисёр асарҳои суратгири шинохта Заур Дахте дар намоишгоҳҳои кишварҳои Чин, Ҳиндустон, Ҷопон, Русия, Фаронса, Олмон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Беларус намоиш дода шудаанд.Қобили зикр аст, ки дар мизи мудаввар саҳми Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Майрам Исоева ба рушди муносибатҳои фарҳангӣ қайд гардида ва ӯ бо армуғони Сафорати Русия дар Тоҷикистон қадр карда шуд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






