Мулоқотҳои Ҳ.Зарифӣ дар Кобул
Душанбе, 15 июн. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 14 июн Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар шаҳри Кобул бо намояндаи махсуси СММ оид ба Афғонистон Ян Кубиш мулоқот анҷом дод. Роҳбари идораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон аз сатҳи омодагӣ ба Конфронси вазирони корҳои хориҷӣ, ки бо мадади Намояндагии СММ оид ба Афғонистон таҳти унвони «Қалби Осиё» дар шаҳри Кобул баргузор гардид, изҳори қаноатмандӣ кард.Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот перомуни вазъи ҳозираи минтақа ва Афғонистон табодули афкор намуданд. Ҳамчунин аҳамияти саъю кӯшишҳои якҷояи ҷомеаи ҷаҳон ҷиҳати мусоидат ба сулҳу тараққии Афғонистон дар давраи баъди соли 2014 аз ин кишвар баровардани кӯшунҳои хориҷӣ зикр гардид. Ҳамрохон Зарифӣ ҳамчунин бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба масоили Осиёи Марказӣ Пеер Морел сӯҳбат намуд.Пеер Морел зимни сӯҳбат аз ҷароаёни омодагӣ б а мулоқоти навбатии вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ хабар дод.Ҳамрохон Зарифӣ сатҳи ҳозираи ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуда, мусоҳибро аз вазъияти минтақа ва кишвар муфассал воқиф намуд. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






