Мулоқоти Э. Раҳмон бо Раиси Кумитаи Умумичинии Шӯрои Мардумии Сиёсии Машваратӣ
Душанбе, 6 июн. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумитаи Умумичинии Шӯрои Мардумии Сиёсии Машваратӣ ҶЯ СИНЛИН мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба таҳкими заминаи қарордодию ҳуқуқии муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахш ва робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Чин баррасӣ шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: «Имрӯз бо эътимоди комил метавон гуфт, ки муносиботи Тоҷикистону Чин намунаи арзандаи ҳамкорӣ ва ҳамгироии бобарори давлати бузург бо ҳамсоякишвари худ аст». Ӯ, ҳамчунин таъкид дошт, ки «имрӯз муносиботи Тоҷикистону Чин давраи рушди босуръати худро ба сар мебаранд». Аз он, ки имрӯз ду кишвари ҳамсоя ба ҷаҳони муосир ва мушкилоти ташаккули тартиботи одилона дар садаи 21 мавқеъ ва назари ягона доранд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Зимни мулоқот доир ба дурнамои муносиботи дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин ва ҳамгироии муштарак дар арсаи минтақа ва ҷаҳон гуфтугӯи судманд сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






