Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Маҷористон Янош Адер
Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иштирок дар Конфронси Рио+20 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия бо Президенти Маҷористон Янош Адер вохӯрӣ доир намуд. Зимни сӯҳбат масъалаҳои муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Маҷористон ва дурнамои рушди он баррасӣ гардиданд. Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Янош Адерро ба муносибати оғози иҷрои вазифаи Президенти Маҷористон муборакбод гуфт. Президенти Тоҷикистон натиҷаҳои музокиротеро, ки дар рафти сафар ба Маҷористон бо роҳбарияти он доир гардида буданд, самаранок арзёбӣ намуда, омили муҳими тавсеаи ҳамшарикии ҳарду кишвар номид. Ҷонибҳо перомуни ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкориҳои ду давлат дар чунин соҳаҳои ҳаётан муҳим ба монанди тиҷорату иқтисод, фарҳангу маориф ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ тавассути бунёди заминаи мусоиди ҳуқуқиву қарордодӣ табодули назар карданд. Президенти Тоҷикистон дар маҷмӯъ аз сатҳи кунунии равобити гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва Маҷористон изҳори қаноатмандӣ намуда, хоҳони талошҳои бештар дар рушди минбаъдаи онҳо шуд. Дар фарҷоми мулоқот Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Маҷористон Янош Адер даъват ба амал овард, то дар фурсати барояш муносиб ба Тоҷикистон ташриф орад. Ҷониби Маҷористон даъвати Президенти Тоҷикистонро бо мамнуният пазируфт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






