Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Вэн Ҷябао
Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар»). -Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Вэн Ҷябао мулоқот намуд. Дар мулоқот минмасоили ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар ба таври муфассал баррасӣ шуд. Бо изҳори қаноатмандӣ аз натиҷаҳои мулоқоти роҳбарони аввали Тоҷикистону Чин Вэн Ҷябао изҳор дошт, ки Ҳукумати кишвараш барои татбиқи амалии тавофуқоти имрӯза ва қаблии миёни ду кишвар имкону захираҳои заруриро сафарбар менамояд. Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин барои дастгирии пайваста аз рушди босуботи кишвари мо арзи сипос намуда, таъкид дошт, ки ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Чин, хусусан дар татбиқи лоиҳаҳои бузургҳаҷми зербиноӣ ба нафъи кулли минтақа хизмат мекунад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






