Мулоқоти муовини вазир бо Сафири Қатар
Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов дар шаҳри Душанбе бо Сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сияр Абдураҳмон ал – Мавдаҳ масъалаҳои вазъу дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Давлати Қатарро муҳокима намуд. Тавре ки аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо ба рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ майл доштани худро тасдиқ намуданд. Ҷониби Тоҷикистон зикр намуд, ки чунин инфрасохторҳои муҳими соҳа, чун гидроэнергетика, саноати истихроҷи маъдан, кишоварзӣ, ҳамчунин ҷалби инвеститсияҳои Қатар барои татбиқи лоиҳаҳои сохтмонӣ метавонанд самтҳои асосии ҳамкории байни ҳар ду кишвар гарданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






