Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии оид ба корҳои хориҷии Покистон
Душанбе, 6 июн. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дар Покистон мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо Вазири давлатии оид ба корҳои хориҷии ин кишвар Навобзода Малик Амадхон баргузор гардид. Дар мулоқот муовини вазири корҳои хориҷии Покистон Оламгир Бобат низ ширкат дошт. Ҷонибҳо ба муносибати 20 – солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии миёни Тоҷикистону Покистон якдигарро муборакбод намуданд. Мусоҳибон бо камоли қаноатмандӣ иброз доштанд, ки алҳол муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон дар сатҳи баланд қарор дошта ва барои бештар рушду густариш ёфтани онҳо бояд ҳамаи имкониятҳои мавҷуда самарабахштар мавриди истифода қарор дода шаванд. Ҳамчунин масъалаи барқарор намудани роҳи ҳавоии байни пойтахтҳои ҳар ду давлат баррасӣ шуд. Навобзода Малик Амадхон зикр намуд, ки барқарор намудани роҳи мустақими ҳавоӣ ҳамкории мутақобилан муфидро дар бахшҳои мухталиф ривоҷу равнақ мебахшад.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






