Мусодираи маводи ҳаҷман калони мухаддира

Июнь 11, 2012 12:16

Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 10-уми июни соли равон дар натиҷаи амалиёти кормандони ВКД алайҳи гурӯҳи нашъаҷаллобон дар ноҳияи Шӯрообод, дар мавзеи «Деволбарс» миёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва гурӯҳи қочоқчиёни афғон задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт. Тавре ки дар сомонаи Вазорати корҳои дохилаи кишвар mvd.tj иттилоъ доданд, ашхоси мусаллаҳи ҷинояткор ба муқовимат тоб наоварда, ба самти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор намуданд. Дар вақти тафтиши ҷойи ҳодиса аз пинҳонгоҳи сохтаи қочоқчиёни маводи мухаддир дар ҳудуди мавзеи «Деволбарс» дар чор халта ба миқдори ниҳоят калон 100 кг 160 грамм маводи нашъадори бангдона ва як адад яроқи тамғаи «ТОЗ-16» дарёфт ва мусодира карда шуд.Ҳамчунин, 6-уми июн дар мавзеи номбурда, ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ як гурӯҳи мусаллаҳи нашъаҷаллоб иборат аз шаҳрвандони Афғонистон ошкору безарар гардонида шуд. Задухӯрди мусаллаҳона, ки беш аз ду соат тӯл кашид, сабаби фирори қочоқчиён ба марзи ин кишвар гардид. Аз пинҳонгоҳи нашъаҷаллобон дар 5 борхалта ба миқдори 90 кг 300 грамм маводи нашъадор мусодира карда шуд.

Июнь 11, 2012 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд