Нафақагирон аз чӣ шикоят мекунанд?
Душанбе, 29 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Бонки давлатии «Амонатбонк», маблағи аз Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ –майи соли 2012 ба суратҳисоби бонк гузаронидашуда 430 млн. 143,5 ҳазор сомониро ташкил додааст. Ба гуфти масъулини бонк, маблағи барои нафақа ва ёрдампулӣ пардохтгардида бо назардошти бақияи аввали сол (25 млн. 414,4 ҳазор сомонӣ), 441 млн.621,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Шумораи нафақагирон то 1-уми июни соли 2012 ба 554 ҳазору 730 нафар расидааст. Бо вуҷуди он ки маблағи нафақа ва ёрдампулӣ аз тарафи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ пурра ба суратҳисоби «Амонатбонк» пардохта шудааст, аммо аз чӣ бошад, ки нафақагирони ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ аз нагирифтани нафақаи думоҳаашон шикоят доранд. Надодани нафақаи саривақтии нафақагирон хилофи қонунҳои мавҷуда буда, чун ҷиноят арзёбӣ мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






