Намаки ёднокшудаи қимат ё хокнокшудаи арзон
Душанбе, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо ширкату корхонаҳо ба истеҳсоли намак машғул бошанд ҳам, камтарин ошхонаҳо онро истифода мебаранд»,- иброз дошт сарошпази ресторани «Тоҷикистон» Файз Додов ба мухбири АМИТ «Ховар». Дар ҳақиқат фаъолияти ягон ширкати истеҳсолкунандаи намак дар маълумоти оморӣ нишон дода намешавад. Бо вуҷуди он ки ҳазорҳо шаҳрвандон аз истеъмоли намаки ёднокнашуда гирифтори бемории ҷоғар мегарданд, он дар ҳеҷ як омор ба қайд гирифта намешавад. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдо ё имкони санҷиши пурраи корхонаҳои истеҳсоли намакро надорад ё истеҳсоли намаки сифатан пастро бо роҳи муросо иҷозат додаст, вагарна чӣ гуна метавонист намаки ёднокнашудаи бадсифат вориди мағозаю дӯкони намакфурӯшӣ гардад? Дар айни замон баробари намаки сифатан баланди «экстра»-и ФР ва Беларус, ки як килограмми он баробари 80-85 сомонӣ мебошад, садҳо тонна намаки «хокнокшуда»-и корхонаҳои Тоҷикистон низ вориди мағозаю дӯконҳои шаҳру навоҳии кишвар гардонида мешавад.- «Мо ҳайрон аз онем, ки намаки Тоҷикистон, ки барои сад соли тамоми дунё басандааст, чаро ба стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ коркард намешавад, дар сурате, ки мо як килограмм намаки «экстра»-и ФР-ро бо нархи 80-85 сомонӣ харидорӣ намуда, намаки истеҳсоли ширкатҳои маҳаллиро, ки нархи 1 килограмми он бо 1 сомонӣ баробар аст, истифода намекунем, сари ин масъала бояд масъулини вазорату корхонаҳои саноатӣ андеша кунанд, на каси дигар»,-афзуд Ф.Додов.








Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






