Намоиши маҳсулоти сохтмонии ватанӣ
Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бо ташаббуси Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати мамлакат 15 июни соли ҷорӣ дар бинои намоишгоҳи ҶСП «Иттиҳодияи илмию истеҳсолию сохтмонии Техноинвест» намоиши масолеҳи сохтмонии истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ доир гардид. Мақсад аз доир намудани намоишгоҳи мазкур шиносоӣ бо масолеҳи сохтмонии истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ буда, барои дар оянда дар сохтмони биною иншооти сохташаванда истифода бурдани онҳо мебошад. Мавриди тазаккур аст, ки намоишгоҳи мазкур бори нахуст дар ҷумҳурӣ баргузор гардида, ҳамчун қадамҳои нахустин дар бахши ҳамкорӣ бо сектори хусусӣ ба ҳисоб меравад, ки дар он 25 корхона аз манотиқи гуногуни кишвар иштирок намуданд. Аз тарафи корхонаҳо 40 номгӯи масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент, хиштҳои сохтмонӣ — ороишӣ, баоташтобовар, сементӣ — оҳак, гаҷ, хокаҳои молиданӣ, шишаи сохтмонӣ, ранг, дару тирезаҳои пластикӣ, маснуоти сангӣ, тахтасангҳои роҳравӣ ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шуд. Аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки йни замон дар ҷумҳурӣ 7 корхонаи сементбарорӣ, 80 корхонаи хиштбарорӣ, 50 корхонаи истеҳсоли қуму шағал, 6 ададӣ корхонаҳои коркарди санг ва гаҷбарорӣ, 1 ададӣ корхонаҳои шифербарорӣ, қубурҳои асбестӣ ва шишаи сохтмонӣ фаъолият доранд.








Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид






