Натиҷагирӣ аз «Рисолати сулҳ-2012»
Душанбе, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 15 июни соли ҷорӣ дар машқгоҳи ҳарбии Чоруқдарон маросими тантанавии ҷамбаст ва натиҷабардории машқҳои ҳарбии муштараки кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Рисолати сулҳ-2012» доир гардид. Дар он раиси вилояти Суғд Коҳир Расулзода ва вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев иштирок намуданд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки раиси вилояти Суғд Коҳир Расулзода дар ҷамъомад баромад намуда, қайд кард, ки гузаронидани чунин машқҳои бузургмиқёси кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон бори нахуст баргузор гардид ва интихоб шудани машқгоҳи Чоруқдарон дар вилояти Суғд барои гузаронидани он боиси ифтихори сокинони вилоят мебошад.Баъд аз ба итмом расидани ҷамъомади тантанавӣ низомиёни кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай рахти сафар баста, бо техникаҳои низомӣ машқгоҳи ҳарбиро тарк намуданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






