Оҳангҳои озарӣ дар Тоҷикистон танинадоз мешаванд

Июнь 14, 2012 11:57

Душанбе, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Бо даъвати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Сафорати Озарбойҷон дар Тоҷикистон 15 июн, дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бахшида ба Рӯзи наҷоти миллии Озарбойҷон консерти оркестри симфонии «Раст» — и Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор мегардад. Дирижёри оркестр Ходими шоистаи санъати Ҷумҳурии Озарбойҷон профессор Ялчин Восифӯғли Адигезалов мебошад. Дар консерт Ҳунарпешаи мардумии Озарбойҷон Маъсум Исрофилӯғлӣ Иброҳимов ва Ҳунарпешагони шоистаи ҷумҳурӣ Элчин Лезгинӯғлӣ Ҳошимов ва Элнур Оруҷӯғлӣ Аҳмедов ҳунарнамоӣ мекунанд. Дар барномаи консерт суруду оҳангҳои бастакорони Озарбойҷон ва халқҳои дигари кишварҳои аъзои ИДМ танинандоз мешаванд.Дар ин бора аз Театри опера ва балет ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Июнь 14, 2012 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд