Пинҳонгоҳи қоҷоқбарони Афғонистон дарёфт гардид
Душанбе, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми азназаргузаронии мавзеи Деволбарси ноҳияи Шӯрообод як пинҳонгоҳи қоҷоқчиёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро дарёфт кардаанд. Аз пинҳонгоҳи қочоқчиён 1 адад найза-корди берақам (штыкнож), 20 адад халтаи полиэтиленӣ, ки дар дохилашон маводи нашъадори бангдона буда, вазни холисашон 418 кг 980 граммро ташкил медиҳад, дарёфт ва мусодира карда шудааст.Инчунин, аз ҷониби кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ сокини Душанбе Маъруф Халилов, соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи кӯчаи Испечак-1 дастгир карда шудааст, ки ҳангоми азназаргузаронии хонаи истиқоматиаш наздик ба 3 кг маводи нашъадори бангдона ва беш аз 1 кг маводи сахттаъсири героин, ҷамъ — 4 кг 620 гр дарёфт ва мусодира карда шудааст.Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






