Плюрализм ва масъалаҳои низоми сиёсӣ
Душанбе, 21 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Фардо дар Душанбе бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Плюрализм ва масъалаҳои замонашавии низоми сиёсӣ дар Тоҷикистон» конфронс баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Сайфулло Сафаров, муовини директори Маркази мазкур иттилоъ дод. Конфронс дар ҳошияи таҷлили 15-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ гузаронида шуда, дар он масъалаҳои марбут ба гуногунандешӣ ва замонашавии низоми сиёсӣ дар Тоҷикистон матраҳ мегарданд. Интизор меравад, ки дар ҳамоиш намояндагони даврҳои гуногуни музокироти сулҳи тоҷикон, вакилони парлумони Тоҷикистон, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои кишвар намояндагони аҳзоби сиёсӣ иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма ширкат меварзанд. Бояд тазаккур дод, 15 сол муқаддам, аниқтараш 27 июни соли 1997 дар пойтахти Русия шаҳри Маскав бо ҳузури намояндагони ҷонибҳои мухолиф санади сарнавиштсоз- Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии ҷомеаи Тоҷикистон ба имзо расид , ки ин ҳуҷҷати тақдирсоз сулҳу суботро дар кишвар таъмин намуда, ба кашмакашҳои дохилӣ хотима гузошт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






