С. Раҷабов: «Буҷетро мақсаднок истифода намоед!»
Душанбе, 25 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Новобаста аз таъсири омилҳои берунӣ ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилӣ дар кишвар дар панҷ моҳи соли равон беш аз 10 миллиард сомониро ташкил дод, ки он нисбати соли гузашта беш аз 1 миллиард сомонӣ зиёд аст. Матлаби мазкурро Сафаралӣ Раҷабов — раиси Кумитаи иқтисод ва молияи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ дар ҷараёни муҳокимаи парлумонӣ иброз дошт. Дар муҳокимаи парлумонӣ, ки роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар ҳузур доштанд, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012» матраҳ гардид. Зикр шуд, ки дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, гардиши моли чакана ва хизматрасониҳои пулакӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 афзоиш ёфтаанд. Чораҳои андешидашудаи вазорату идораҳои марбута имконият дод, ки ба буҷети мамлакат беш аз 3 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардида, иҷрои нақша ба андозаи 103,0 % таъмин карда шавад. Сафаралӣ Раҷабов ҳамзамон доир ба камбудӣ ва ҳолатҳои ғайримақсаднок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ аз тарафи бархе аз роҳбарони корхонаву ташкилот ва шаҳру ноҳияҳо сўҳбат карда, аз роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти марбута ва шахсони масъул тақозо кард, ки баҳри аз байн бурдани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои мушаххас ва муассир андешанд, то барои таъмини иҷрои пурраи Буҷети давлатии соли равон заминаи боэътимод муҳайё гардад.10.07.








Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд






