Сафари Э.Раҳмон ба пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин шаҳри Пекин

Июнь 5, 2012 08:47

Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои идомаи сафари давлатӣ ва иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай аз шаҳри Сямэн ба пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин шаҳри Пекин омад. Нимаи дуюми рӯз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои директорони Ширкати миллии нафту гази Чин (China National Petroleum Corporation-CNPC) Ҷян Ҷемин мулоқот намуд. Дар мулоқот масоили ташкил ва густариши ҳамкорӣ доир ба корҳои геологӣ-иктишофии захираҳои нафту гази Тоҷикистон баррасӣ шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки «Тоҷикистон ба ҳамкории мутақобилан судманд бо Ширкати миллии нафту гази Чин ҳавасманд мебошад ва барои ин омода аст, тамоми шароити заруриро муҳайё созад». Раиси Шӯрои директорони Ширкати миллии нафту гази Чин Ҷян Ҷемин ҳам ба ташкили ҳамкории судбахш изҳори ҳавасмандӣ намуд. Ӯ, аз ҷумла изҳор дошт: «Ширкати миллии нафту гази Чин бо 60 кишвари ҷаҳон ҳамкорӣ дорад ва Тоҷикистон 61-ум хоҳад буд». Тавре зикр гардид, ин ширкат аз рӯйи ҳаҷми истеҳсол коркард ва содироти нафту газ дар ҷаҳон дар ҷойи аввал қарор дорад. Дар охири мулоқот миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва Ширкати миллии нафту гази Чин (CNPC) Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд

Июнь 5, 2012 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд