Санги аввали сохтмони Хонаи афсарон гузошта шуд
Душанбе, 7 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 6 июн Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ва сардори Ситоди умумии Артиши халқии озодихоҳи Чин Чэн Биндэ масъалаҳои рушди ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ, тарбияи кадрҳои низомӣ, муборизаи якҷоя зидди терроризмро мавриди муҳокима қарор доданд. Мувофиқи хабари дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи кишвар, баъди анҷоми мулоқоти расмӣ Шералӣ Хайруллоев ва Чэн Биндэ дар маросими гузоштани санги аввали таҳкурсии бинои ояндаи шашошёнаи Хонаи афсарони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон иштирок намуданд. Қобили зикр аст, ки Хонаи афсарон аз ҳисоби кӯмаки ройгони Ҳукумати Чин дар ҳаҷми 14 миллион доллари ИМА бунёд мегардад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






