Сармоягузорӣ дар иншооти энергетикӣ

Июнь 7, 2012 09:59

Душанбе, 7 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Азхудкунии сармоягузориҳоро дар сохтмон ва таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар моҳҳои январ-апрели соли 2012 дар Вазорати энергетика ва саноат шарҳ дода, ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1 аз сармояи асосӣ 0,2 млн. сомонӣ истифода шудааст, ки сохтмони он дар арафаи анҷомёбист. Дар нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар давоми чор моҳ беш аз 225 млн. сомонӣ истифода шудааст ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба андозаи 25,9 млн. сомонӣ кам аст.Дар моҳҳои январ-апрели соли 2012 Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» сармоягузории асосиро ба барқарорсозию сохтмони хатҳои интиқоли барқ ва сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ ба миқдори 20 млн. сомонӣ равона кардааст.

Июнь 7, 2012 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд