Ширкатҳои ватанӣ дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд
Душанбе, 7 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Беш аз 30 корхонаю ширкатҳои ватанӣ дар 6-умин намоишгоҳ –ярмаркаи «Интерлегпром-2012» молу маҳсулоти худро ба намоиш ва фурўш гузоштанд. Намоишгоҳи мазкур, ки муддати се рўз -7-9 июн дар Душанбе идома меёбад, бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони соҳаи бофандагӣ ва саноати сабуки Тоҷикистон созмон дода шудааст. Дар маросими ифтитоҳи расмии намоишгоҳ масъулин ва созмондиҳандагони намоишгоҳ зикр карданд, ки ҳадафи баргузории намоишгоҳ ҷалби сармояи хориҷӣ ба кишвар, таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҷорӣ намудани технологияи муосир дар бахши саноати сабук аст. Дар намоишгоҳ дар радифи молу маҳсулоти ширкату корхонаҳои «Интермебел», «Нассоҷии тоҷик», «Нафиса», «Бонки Эсхата», «Рухом», «Ёқут-2000», «Спитамен Текстайл», «Ҷавонӣ», «Сатн», «Ноҳид», «Текстил Сити», «Олим Текстайлз», «Зари Кўлоб», «Созтарош», инчунин косибону ҳунармандони мардумӣ, ки ба истеҳсоли навъҳои гуногуни молу ашё машғуланд, дастранҷи худро ба намоиш ва фурўш гузоштанд. Намоишгоҳи «Интерлегпром-2012» соли шашум аст, ки дар Душанбе ташкил гардида, дар доираи он баргузории сўҳбату мулоқот ва мизи мудаввар дар назар аст. Интизор меравад, ки дар сўҳбатҳои мизи мудаввар намояндагони ширкату корхонаҳои саноати сабук доир ба вазъи феълии саноати сабук ва рушди минбаъдаи ин соҳа табодули назар намуда, пешниҳодҳои судманд ироа мекунанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






