Шоири бачаҳо 100-сола шуд
Душанбе, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дирӯз дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 100-умин солгарди зодрӯзи Мирсаид Миршакар, адиби шинохтаи замони шӯравӣ ва шоири бачаҳо маҳфили адабӣ баргузор гардид. Дар маҳфил вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ, нависандагону адибон ва донишмандони маъруфи кишвар дар бораи фаъъолияти адабӣ ва зиндагии хусусии Мирсаид Миршакар сухан гуфтанд.Зикр шуд, ки саҳми ин шоир дар ташаккули назми бачагона ва драманависии тоҷик дар замони Шӯравӣ назаррас будааст. Осори Мирсаид Миршакар, шоир ва нависанда, ки бештар барои кӯдакон ва наврасон эҷод кардааст, то ҳол дар мактабҳои Тоҷикистон таълим дода мешавад. Яке аз муҳимтарин кори Мирсаид Миршакар чопи девони “Паёми Машриқ”-и Иқбол дар Тоҷикистон дар соли 1958 аст. Шеъри «Ман калон мешавам»-и ӯ барои аксари кӯдакон дар Тоҷикистон нахустин шеърест, ки аз бар кардаанд, чун он дар ҳамаи кӯдакистонҳо ва синфҳои поёнии мактабҳо ба кӯдакон омӯзонида мешуд ва ҳоло ҳам омӯзонида мешавад. Нақши Мирсаид Миршакар ҳамчунин дар ташаккули забони ҳозираи тоҷикӣ муҳим арзёбӣ мешавад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






