Тағйирот ба қонунҳои судҳои Тоҷикистон ва мақомоти прокуратура
Душанбе, 18 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Интизор меравад, ки 20 июн палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи навбатӣ лоиҳаи қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Тоҷикистон» ва «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, қабул хоҳад кард. Масъалаҳои зикршуда 18 июн дар ҷаласаи Шўрои палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон баргузор шуд, матраҳ гардиданд. Ҳамзамон вакилони палатаи поёнии парлумон лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи меҳнат», «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ», «Дар бораи милитсия» «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» дар маҷмўъ 26 масъаларо баррасӣ намуданд. Вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда, иттилоъ медиҳад Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон, раисони Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Убайдулло Давлатов, Хайринисо Юсуфӣ, Амирқул Азимов, Сафаралӣ Раҷабов, раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Азизмат Имомов сухан карда, пешниҳоди масъалаҳоро ба рўзномаи Шўрои Маҷлиси намояндагон амри зарурӣ ва талаботи замон арзёбӣ намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






