Таҷлили Рӯзи кӯдакон дар пойтахт
Душанбе, 1 июн. АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова).- Имрӯз дар «Боғи кӯдакон»-и Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе чорабинии идона бахшида ба «Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон» баргузор гардид. Дар чорабинӣ аъзои маҳфилҳои марказҳои эҷодии кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт, тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои шаҳр, хонандагони муассисаҳои таълимӣ, падару модарон ва омӯзгорон, дар маҷмӯъ ҳудуди 5000 нафар иштирок карданд.Дар «Боғи кӯдакон»-и пойтахт, ки ба таври идона оро ёфта буд, маҳсули ҳунару эҷод ва дастовардҳои кӯдакону наврасон ба намоиш гузошта шуд. Ҳамчунин дар доираи ин чорабинӣ консерти идона баргузор гардида, хатнасури 26 нафар кӯдак аз оилаҳои камбизоат гузаронида шуд.Дар рафти чорабинӣ бозиҳои шавқовар ва озмунҳои маърифативу бозиҳои варзишии кӯдакона, ба монанди расмкашӣ дар рӯйи мумфарш, шоҳмотбозӣ, саволу ҷавоб дар мавзӯъҳои экология ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, бозиҳои теннис ва гӯштигириро баргузор намуданд.Дар ҷамъбаст ба иштирокчиён ва ғолибони озмуну викторинаҳо аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти ҷомеаи кушодаи «Бунёди Сорос», Хазинаи кӯдакони СММ, меҳмонхонаи «Hyatt Regency» тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






