Таҷлили Рӯзи Мусолиҳаи миллӣ дар Академияи илмҳо
Душанбе, 21 июн. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 15 — солагии Рӯзи Мусолиҳаи миллӣ дар Тоҷикистон ва 20 – умин солгарди иҷлосияи 16 — уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявии илмӣ дар мавзӯи «Ягонагии миллӣ — сарвати бузурги халқи тоҷик» баргузор гардид. Ноиби президенти Академияи илмҳои ҶТ, собиқ узви комиссияи Мусолиҳаи миллӣ Кароматулло Олимов зимни суханрониаш муқовиматеро, ки баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷумҳурӣ рух дода буд, чун мавҷуд набудани таҷрибаи сиёсии идораи давлатӣ, мубориза барои ҳокимият ва як қатор сабабҳои дигари объективӣ, ки бар асари онҳо дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфт, аз нуқтаи назари илмӣ маънидод кард.Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 22 майи соли 1998 ва дар асоси моддаи 83 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин мутобиқи Қарори Ҳукумати ҶТ Рӯзи Мусолиҳаи миллӣ — 27 июн расман Рӯзи ид ва истироҳат эълон шудааст. Хотирнишон месозем, ки 27 — июни соли 1997 ҷонибҳои мухолиф дар шаҳри Маскав Созишнома дар бораи принсипҳои барқарор намудани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро имзо карда буданд, ки он ба ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хотима бахшид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






