Танзими оила натиҷа надод
Душанбе, 5 июн.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар даҳ соли охир аҳолии кишвар бештар аз 20 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар айни замон аҳолии ҶТ 7 млн. 567 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Танҳо дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе дар давоми солҳои 2007- 2011 шумораи аҳолӣ 379 ҳазор нафар зиёд гардида, ба 724 ҳазор нафар расидааст.Ин дар ҳолест, ки аз қабули «Барномаи давлатии танзими оила» 9 сол сипарӣ гардада бошад ҳам, аммо он натиҷаи дилхоҳ надод,- иброз дошт духтури оилавӣ дар Маркзи танзими оилаи ҶТ Сабоҳат Муродова. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ, дар давоми солҳои 2000 – 2011 шумораи аҳолии деҳот ба миқдори 1 млн. 79 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст. Асосан 73 фоизи аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунад ва шумораи аҳолӣ дар деҳот ҳамасола рӯ ба афзоиш аст.Коршиноси масоили иқтисодӣ Шодмон Юсуфов аз зиёд шудани шумораи аҳолӣ чандон хушбин нест, зеро дар Тоҷикистони камзамин афзоиши аҳолӣ ба иқтисодиёти кишвар паёмадҳои манфиро ба бор хоҳад овард. «Дар ин замина тарғиби танзими оила миёни мардум, баҳри татбиқи «Барномаи давлатии танзими оила» аз манфиат холӣ нахоҳад буд»,- мегӯяд Ш. Юсуф.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






