Ташаббусоти фарогир дар равонпизишкӣ

Июнь 20, 2012 16:04

Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 19 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Намояндагии «Ташаббусоти фарогир дар равонпизишкӣ» (ТФР) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мутахассисони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати тандурустӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятию ғайридавлатӣ ва коршиносони хориҷӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Омӯзиши вазъи хизматрасонӣ дар сатҳи ҷамъият» баргузор гардид. Мизи мудаввар дар доираи лоиҳаи панҷсолаи «Алянси шарқӣ – давраи гузариш», ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Нидерланд дастгирӣ шуда, дар 5 давлат, аз ҷумла Тоҷикистон, Гурҷистон, Ветнам, Шри-Ланка ва Лаос амалӣ мегардад, роҳандозӣ шуд. Мақсади лоиҳа аз паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии иҷтимоию тиббӣ ба гурӯҳҳои осебпазир – шахсони имконияташон маҳдуд, беморони касалиҳои равонидошта ва пиронсолони камбизоат иборат мебошад. Коршиносони ватанию хориҷӣ дар ҷараёни кори мизи мудаввар қадамҳои навбатиро дар самти татбиқи лоиҳаи «Алянси шарқӣ – давраи гузариш» дар Тоҷикистон муайян намуда, ба қарор омаданд, ки барои татбиқи босамари лоиҳа аз ҳисоби кормандони шарикони сетарафа гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад.

Июнь 20, 2012 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст