Ташрифи коршиноси ХБА ба Тоҷикисон
Душанбе, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Аз 14 то 27 июн ташрифи коршиноси Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба Стандартҳои махсуси паҳнкунии маълумотҳо ба Тоҷикистон дар шахси иқтисодчӣ Здравко Балезов аз шӯъбаи омори ХБА вобаста ба ташаббуси Стандартҳои махсуси паҳнкунии маълумотҳои Хазина, ки стандартҳои умумии паҳнкунии маълумотҳо (СУПМ) ва Стандартҳои махсуси паҳнкунии маълумотҳо (СМПМ)-ро фаро мегирад, барпо мегардад. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Агентии омор иттилоъ доданд, ки дар Агентии мазкур вохӯрии ӯ бо роҳбарият ва мутахассисони Агентӣ, Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистон доир гардид. Дар он директори Агентӣ Бахтия Муҳаммадиева баромад намуда, қайд кард, ки мо ташаббуси Хазинаро дар ҷодаи паҳнкунии маълумот аз рӯи СУПМ ва СМПМ барои рушди низоми омори миллӣ муҳим арзёбӣ менамоем, зеро он марҳила ба марҳила дар методологияи оморие, ки дар сатҳи байналмиллалӣ қабул шудааст ва барои шароиту талаботҳои СМПМ ҷавобгӯ мебошад, ҷорӣ карда мешавад. Тавсияҳо вобаста ба қадамҳои минбаъда, ки Тоҷикистон бояд гузорад ва ҷавобгӯи талаботҳо барои гузаштан ба ин стандарт мебошанд, пешниҳод мегарданд. Здравко Балезов дар бораи Стандартҳои махсуси паҳнкунии маълумотҳо: таърихи пайдоиш, мақсадҳои СМПМ ҳамчун фишанг барои давлатҳои аъзо (имкониятҳои мавҷуда ва ё худ талош барои дохил шудан ба бозори байналмилалии сармоя (капитал), дар ҷодаи пешниҳоди маълумотҳои иқтисодӣ ва молиявӣ барои ҷомеа; имконияти бартараф намудан ё заиф намудани тезутундшавии бӯҳрони молиявӣ аз ҳисоби беҳтар намудани дастрасӣ ба иттилоот, ки барои мақомоти идоракунанда ва иштирокчиёни бозори ҷаҳонии сармоя нақши ҳалкунанда дорад, маълумот дод. Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон дар СУПМ аз моҳи ноябри соли 2004 иштирок менамояд ва ба сифати сохтор барои рушди минбаъдаи омори макроиқтисодӣ, молиявӣ ва иҷтимоӣ-демографӣ Стандарти умумии паҳнкунии маълумотҳоро истифода менамояд. Яке аз шартҳои имконпазир барои тақвият бахшидани низоми омори миллӣ ин мутобиқат ба талаботҳои СМПМ мебошад.








Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд






