Таъсиси Шўрои машваратӣ дар назди раиси шаҳр

Июнь 28, 2012 14:59

Душанбе, 28 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар пойтахт Шӯрои машваратии назди Раиси шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ созмон дода шуд.Дар ин хусус раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори марбута ба тасвиб расонд. Ҳадаф аз ташкили Шўрои мазкур роҳандозии истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди техникию технологӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти шаҳрдорӣ бо ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва тақвияти ҳамкории мутақобилаи мақомоти давлатӣ бо шаҳрвандон аст. Шўрои мазкурро раиси шаҳр роҳбарӣ намуда, ба ҳайати он муовинони раиси шаҳр,роҳбари дастгоҳ, раисони чор ноҳияи пойтахт, роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳр ва ширкатҳои мобилӣ ва хизматрасонии интернетӣ шомил мебошанд. Шўрои машваратӣ бояд дар зарфи ним сол як маротиба ҷаласа доир намояд.

Июнь 28, 2012 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад