Татбиқи марҳалаи сеюми лоиҳаи «Шағон – Зиғор»

Июнь 25, 2012 16:04

Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Таҷҳизот ва техникаи махсуси марҳалаи сеюми сохтмони роҳи мошингарди «Шағон — Зиғор» ба Тоҷикистон оварда шуд. Тавре ки аз Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди «Шағон – Зиғор» — и Вазорати нақлиёти ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, техникаи нави махсус на фақат имконияти тезонидани корҳои сохтмониро фароҳам меорад, балки сифати корро дар иншооти мазкур низ беҳтар месозад. Алҳол дар сохтмони ин роҳи мошингард 57 адад техникаи мухталиф мавриди истифода қарор дорад. Қобили зикр аст, ки пудратчии асосии сохтмони роҳи мошингард ширкати «Собин» — и Эрон мебошад. Алҳол ширкати мазкур таҳкимкории соҳилҳо ва бетонрезиро идома дода, марҳалаи дуюми татбиқи лоиҳаро анҷом медиҳад. Масофаи марҳалаи сеюми лоиҳа 18,7 километрро ташкил медиҳад. Мӯҳлати ба истифода додани лоиҳа 2 сол аст. Ин лоиҳа аз ҳисоби маблағҳои Бонки исломии тавсеа ва Ҳукумати Тоҷикистон дар амал татбиқ мешавад.

Июнь 25, 2012 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад