Телман Сумбула шуд, Маяков Ёсуман

Июнь 15, 2012 12:03

Душанбе, 15 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Як шаҳрак ва 15 деҳаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ табдили ном кард. Вобаста ба ин Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси миллӣ қарори марбутаро нисбат ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи мазкур қабул намуд. Роҳандозии ин тадбир дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон сурат гирифта, ҳадафаш поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ, абадӣ гардонидани номи фарзандони барўманди диёр аст.  Тибқи ин қарор шаҳраки Кўйбишев ба шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ ва номи деҳаҳои Комсомол ба Чорбоғ, Қурултой ба номи Боқӣ Раҳимзода, Чкалов ба Истиқлол, Агроном ба номи Нусратулло Махсум, Фрунзе ба номи Исмоили Сомонӣ, Ударник ба Ганҷина, Политотдел ба Маданият, Заря Востока ба Шаҳристон, Крилов ба Сайроб, Ферма ба Кўҳдоман, Телман ба Сумбула, Маяков ба Ёсуман, Энгелс ба Зарнисор, Коммунист ба Ваҳдат ва деҳаи Октябр ба номи Бадриддин Ҳилолӣ табдил шуданд. Бояд зикр кард, ки деҳаҳои мазкур дар деҳоти Иттифоқ ва 50-солагии Тоҷикистон қарор доранд.

Июнь 15, 2012 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд