«Тоҷиксодиротбонк» барои ятимону бепарасторон хобгоҳ месозад
Душанбе, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷиксодиротбонк» барои тарбиятгирандагони мактаб -интернати ҷумҳуриявӣ барои ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар ноҳияи Рашт хобгоҳ месозад.Дар ин бора аз хадамоти бонки мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Ёдовар мешавем, ки ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» сарпарастии мактаб-интернати ҷумҳуриявии воқеъ дар шаҳраки Навободи ноҳияи Раштро бар ӯҳда дорад ва ҳамасола дар ҳама ҷашну маросимҳо тарбиятгирандагони ин даргоҳ бо тӯҳфаву сару либос ва маводи хӯрокаи ин бонк таъмин карда мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






