Ваҳдат пояи истиқлол

Июнь 26, 2012 14:51

Душанбе, 26 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар Маҷмааи давлатии Кохи Борбад бахшида ба 15-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд.  Дар маҷлиси тантанавӣ аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳо, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе иштирок доштанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ 15-солагии ба имзо расидани санади дорои аҳамият ва барои халқу миллати мо тақдирсоз — Созишномаи умумии истиқрори сулҳро рӯйдоди басо муҳим муҳим хонд. Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ изҳор дошт, ки 15 соли эҳёи миллӣ, понздаҳ соли баҳамоӣ, понздаҳ соли худсозӣ ва худшиносиву худогоҳӣ, понздаҳ соли сулҳу субот ва оромӣ ва муҳимтар аз ҳама, понздаҳ қадами устувор дар роҳи эъмори ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ мебошад, ки дар таърихи навини давлатдории мо бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад. Маҳз ба шарофати ин санади ҳаётан муҳим мо тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, марҳалаи нав, яъне гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишварамон ва рушди онҳоро дар ҷомеа таъмин намоем, -таъкид дошт Сарвари давлат. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ин лаҳзаҳои хотирмон бо як ҷаҳон ифтихору шодмонӣ ин санаи муқаддасу тақдирсозро ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва тамоми ҳамватанони бурунмарзӣ табрику таҳният гуфт.Сарвари давлат бо итминони комил изҳор дошт, ки сулҳу ваҳдат чун омили сарнавиштсоз, пойдори ҳастии миллат ва арзиши гаронмояи миллӣ ҷовидона боқӣ хоҳад монд ва миллати тамаддунсози тоҷик фарҳанги сулҳҷӯию сулҳофариро ба наслҳои оянда ҳамчун рамзи сарфарозӣ ба мерос хоҳанд гузошт. Дар ҳақиқат ҳам мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии халқи тоҷик ба шумор меравад ва он маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гашт. Муҳимтар аз ҳама, ба шарофати ҳамин сулҳу субот ва хиради азалии халқамон мо хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гаштани миллати кӯҳанбунёдамонро ҷилавгирӣ намудем. Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки то рӯзи ба имзо расидани имзои созишнома бо намояндагони собиқ мухолифин ҳашт музокироти расмӣ ва бисту як вохӯрии ғайрирасмӣ доир карда шуд. Сарвари давлат махсус таъкид дошт, ки ҳиссаи аъзои Комиссияи оштии миллӣ ва гурӯҳҳои коршиносон дар раванди ба даст овардани сулҳи тоҷикон назаррас мебошад. Эмомалӣ Раҳмон нақши созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои дӯстро дар роҳи расидан ба ин неъмати бебаҳо махсус таъкид дошт. Маҷлиси тантанавӣ бо пешниҳоди барномаи рангини ҳунарии устодони санъати Тоҷикистон ба поён расид.

Июнь 26, 2012 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — АРЗАНДАТАРИН НЕЪМАТ ВА БУЗУРГТАРИН САРМОЯ. Дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор шуд
Дастаи вилояти Хатлон дар Мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол байни мардон сазоворӣ ҷойи аввал гардид
Дар Норак Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Нақши воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар ин мавзуъ конференсия доир гардид
Дар Душанбе Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо воситаҳои ахбори омма» муаррифӣ гардид
«ПЕШВОИ МИЛЛАТ – МУНОДИИ АСИЛИ ВАҲДАТ». Таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиш ва конфронс доир шуд
Дар Бохтар амалишавии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025» баррасӣ шуд
КАМЕРАҲОИ ХУДКОРИ ДУШАНБЕ. Марҳилаи аввали сабти қоидавайронкуниҳо оид ба таваққуфи нодурусти воситаҳои нақлиёт оғоз гардид
Корҳои сохтмонӣ дар бинои асосии Неругоҳи барқи обии «Себзор» вусъат меёбанд
«Маркази омӯзиши масъалаҳои модернизатсияи Чин — Тоҷикистон» таъсис дода мешавад
То 26 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон хавфи омадани сел боқӣ мемонад