Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Кобул сафар кард
Душанбе, 13 июн. (АМИТ «Ховар»).- 13 июни соли 2012 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо сафари корӣ озими шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шуд. Зимни сафар вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар конфронси Кобул оид ба Афғонистон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиё, ки рӯзи 14 июн барпо мегардад, иштирок хоҳад намуд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






