Вохӯриҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар манотиқи кишвар
Душанбе, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Тибқи Нақшаи кории мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2012 семинару вохӯриҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳрҳои Қурғонтеппа ва Кӯлоби вилояти Хатлон (рӯзҳои 8-9 июн) ва шаҳри Хоруғи ВМКБ (рӯзи 11 июн) барои кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ташкил ва гузаронида шуданд.Дар рафти вохӯриву семинарҳо аз ҷониби гурӯҳи корӣ таҳти раёсати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода дар мавзӯъҳои «Нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар низоми ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар ҶТ», «Масъалаҳои нуфуси аҳолӣ, баробарии гендерӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивии занон дар ҶТ», «Нақши технологияҳои иттилоотӣ дар ҳифз ва пешбурди ҳуқуқ ва озодиҳои инсон» ва амсоли инҳо маърӯзаҳо пешниҳод шуданд.Дар баробари вохӯриву семинарҳо, инчунин дар ҳамаи минтақаҳои дар боло зикршуда аз тарафи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон қабули шаҳрвандон ташкил ва гузаронида шуд. Қобили қайд аст, ки оид ба рӯзҳои қабули Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон қаблан тавассути васоити ахбори оммаи маҳаллӣ дар давоми якчанд рӯз эълонҳо пахш шуда буданд.Котиби матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ Азиз Солиев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки тибқи Нақша чунин чорабиниҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшани вилояти Суғд ва дар рӯзҳои наздик дар ноҳияи Рашт низ пешбинӣ шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






