Вохӯрии Сарвари давлат бо як қатор роҳбарони ширкатҳои бонуфузи Чин
Душанбе, 6 июн. (АМИТ «Ховар»). -Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз низ роҳбарони як қатор ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот бо Раиси Шӯрои директорони ширкати Чайна Глобал ХУАН Ҷзанжун, асосан масоили ҳамкорӣ дар мавзеи Зарнисори шаҳри Қайроққуми Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба кори корхонаи металлургӣ ва тавсиаи он то комбинати бисёрбахшаи ин соҳа баррасӣ шуд. Таъкид гардид, ки корҳои сохтмону таҷҳизи он тезонда шуда, бунёди роҳҳои маҳаллӣ, мактабу бемористон ва дигар иншооти зарурии иҷтимоӣ низ бояд оғоз карда шавад. Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба густариши ҳамкорӣ дар дигар бахшҳои иқтисодию сармоягузорӣ сурат гирифт. Зимни суҳбат бо Ноиби президенти ширкати Хуавэй Лин Жуйҷи Ҷанжун масоили ҳамкорӣ дар соҳаи алоқа ва телерадиокоммуникатсия баррасӣ шуд. Табодули андеша, аз ҷумла доир ба ташкили шабакаи назорати автоматии кори нақлиёт ва хадамоти хизматрасонии ҳаракат дар роҳҳои шаҳри Душанбе сурат гирифт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки барои интихоби ширкати амаликунандаи ин лоиҳа озмуни ошкоро эълон карда мешавад ва ҳамаи ширкатҳои дохилию хориҷи метавонанд дар он иштирок намоянд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






