Захираҳои генетикии наботот оқилона истифода мешаванд

Июнь 11, 2012 15:02

Душанбе, 11 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Интизор меравад, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам» 13 июн дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва қабул хоҳад гашт. Масъали мазкур 11 июн дар ҷаласаи Шўрои палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, матраҳ шуд. Саиди Ёқубзод, раиси Кумитаи палатаи поёнии парлумони мамлакат нисбати масъалаи мазкур табодули назар карда гуфт: лоиҳаи қонун асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатиро дар соҳаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам, аз ҷумла ҳамавлодони худрўи онҳоро бо мақсади пешбурди соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, экологӣ ва захираҳои биологӣ, амалӣ намудани фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, селексионӣ ва таҳсилотӣ, инчунин таъмини нигоҳдории мероси иҷтимоию фарҳангӣ ва таърихиро барои манфиатҳои наслҳои имрўзу оянда муқаррар менамояд.

Июнь 11, 2012 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд