Ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ дар соҳаи нафту газ
Душанбе, 31 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ корҳо дар соҳаи нафту газ бо як силсила ширкатҳои хориҷӣ идома доранд. ҶСК «Газпром», ширкати байналмилалии «Кӯлоб Петролеум Лимитед», ширкати муштараки тоҷикистониву швейтсариягии «Сомон Ойл», ширкати тоҷикистониву австрияги «Петролеум Суғд» дар соҳаи кашф, истихроҷ ва коркарди нафту газ аз ҷумлаи ин ширкатҳоянд. Ғайр аз ин ҳафт адад корхонаҳои ватанӣ — ҶММ «Салоса», ҶММ «Азизӣ — 1», ҶММ «Шоҳон», ҶСП «Ҳасан ва К», ҶММ «Ҷалолӣ», ҶДММ «Нафти Темурмалик» ва ҶДММ «Абадӣ» дар ин самт фаъолият доранд. ҶСП «Газпром Зарубежнефтегаз» тибқи Созишнома пас аз омӯзиши сейсмоиктишофии саҳроӣ 7-декабри соли 2010 дар чоҳи ҷустуҷӯии № 1п Сари қамиш ба пармакунӣ оғоз намуд. Чуқурии лоиҳавии чоҳ 6300 метр буда, пармакунӣ то чуқурии 4550 метр расонида шудааст. Ҳамчунин тибқи иттилои котиботи Вазорати энергетика ширкати байналмилалии «Кӯлоб Петролеум Лимитед» дар чоҳи № 20 — и кони Патинак корҳои таъмири ҷорӣ гузаронида, истихроҷи нафту газро ба роҳ монд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз чоҳи мазкур ба миқдори 1491 тонна нафт, 42 ҳазор мукааб гази табиӣ истихроҷ шудааст.Ширкати «Сомон Ойл аз 1-августи соли 2011 мувофиқи ӯҳдадориҳои иҷозатномавӣ ва нақшаи сармоягузорӣ, бо мақсади омӯзиши геологӣ ва кашфи конҳои нави нафту газ дар майдонҳои ояндадори минтақаҳои иҷозатномавии «Ғарбӣ» ва «Шимолу Ғарбӣ» — и вилояти Суғд марҳилаи навбатии корҳои сейсмоиктишофиро оғоз намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






