Ҳавасмандии ширкатҳои чехӣ ба татбиқи лоиҳаҳо дар Тоҷикистон

Июль 16, 2012 14:28

Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо мақсади густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди итқтисодиву сармоягузорӣ миёни ширкатҳои Тоҷикистону Чехия дар шаҳри Душанбе байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои чехии «FINAPRA a.s.», «PSP engerneinig», «TESTER ČR s.r.o» ва «ČKD Blansko Engineering, a.s.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.Дар доираи Ёддошти мазкур тарафҳо аҳд карданд, ки ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ ва кушодани хатти қарзӣ барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои истеҳсоли саноатӣ ва энергетика, аз ҷумла сохтмони заводҳои сементбарорӣ ва НБО-ҳо ҳамкориҳои зичро ба роҳ монанд.Ҳамзамон қайд шудааст, ки тарафҳо дар якҷоягӣ ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ кўшиш ба харҷ дода, онҳоро бояд ба баррасӣ ва тасдиқи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “FINAPRA a.s.”, ки маблағгузории татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро ба ўҳда хоҳад гирифт, пешниҳод намоянд.Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Ёддошти тафоҳумро раиси Кумитаи мазкур Давлаталӣ Саидов ва директори иҷроияи Ширкати “FINAPRA a.s.” Петер Сирочка, инчунин намояндагони ширкатҳои «ČKD Blansko Engineering, a.s.» — Милан Коуделка ва «PSP Еngineering a.s.» — Владимир Райек санаи 14 июни соли 2012 ба имзо расониданд.

Июль 16, 2012 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд