Ҳунарманди тоҷик-ҳаками фестивали байналмилалӣ

Июль 26, 2012 14:49

Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). –Аз 26 то 28 июли соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон фестивал-озмуни байналмилалии «Иссиқкӯл-2012» баргузор мегардад. Дар ин бора корманди дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Раҳматулло Раҳматуллоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод. Р. Раҳматуллоев гуфт, ки аз ҷониби кумитаи тадорукоти фестивал ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ даъват шудаанд. Кишвари моро дар бахши сурудҳои анъанавии фолклорӣ сарояндаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев Гулчеҳра Қурбонова ва дар жанри эстрада Икром Исломӣ муаррифӣ менамоянд.Ҳамчунин Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, роҳбари бадеии ансамбли «Гулшан» Бахтиёр Иброҳимов дар ҳайати ҳакамони фестивал-озмун шомил гардидааст, илова намуд манбаъ.

Июль 26, 2012 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд