Ҷоизаи «Ҳусни таваҷҷӯҳи тамошобин» ба ҳунарманди тоҷик
Душанбе, 31 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). –Гулчеҳра Қурбонова бо иҷрои як суруди фолклорӣ ва як суруди классикии «Шашмақом» дар фестивал-озмуни байналмилалии «Иссиқкӯл-2012», ки аз 26 то 28 июли соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, сазовори ҷоизаи «Ҳусни таваҷҷӯҳи тамошобин» гардид. Овозхони бомаҳорат Икром Исломӣ ба дарёфти дипломи Кумитаи тадорукоти озмун муваффақ шуд. Дар ин бора корманди дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Раҳматулло Раҳматуллоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод. Р. Раҳматуллоев гуфт, ки Бахтиёр Иброҳимов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, роҳбари бадеии ансамбли «Гулшан» дар ҳайати ҳакамони фестивал-озмун шомил буд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






