19 тонна маҳсулоти қаннодии истеҳсоли Туркия ғайристандартӣ дониста шуд
Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бо мақсади нигоҳдории бозори истеъмолӣ аз воридшавии маҳсулоти бесифати барои ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон зараровар аз тарафи мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» дар нимсолаи авали соли ҷорӣ 2270 санҷиш гузаронида шуда, 601 камбудиҳо ошкор гардидааст.Тавре дар нишасти матбуотӣ, 11 июл директори Агентии мазкур Бахтиёр Шукуров иттилоъ дод, дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ дар мағозаю бозорҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ як миқдор маҳсулоти гуногуни хӯроквории мӯҳлаташон гузашта ва дигар маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор ва аз муомилот гирифта шуданд. Ин маҳсулоти мӯҳлаташон гузашта, асосан аз маҳсулоти гӯшту консерваҳо ба миқдори 5 тонна, 3000л нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 5400 дона картошкабирёни тамғаи «СМАК», инчунин теъдоди зиёди маҳсулоти макаронӣ, маҳсулоти қаннодӣ, хуришҳо, чой ва ғайра иборат буданд.Ғайр аз ин, 19 тонна маҳсулоти қаннодӣ, ки аз Туркия ворид шуда буд, дар натиҷаи ташхис ғайристандартӣ дониста, нобуд карда шудБахтиёр Шукуров оид ба самти риояи талаботи қонунгузории соҳаи моликияти зеҳнӣ изҳори нигаронӣ карда, афзуд, ки дар ин давра 1,3 тонна ширеш барои кафел, 1691 қуттии рангҳои навъи «Бергер» ва «Атрак» ,ки ба таври сохтакорона бо тамғаи моли дигар корхона ба фурӯш бароварда шуда буд, ошкор гардид. Фурӯшандагони онҳо тибқи талаботи санадҳои меъёрӣ ҷаримабандӣ шуда, маҳсулоти қалбакӣ аз муомилот гирифта шуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






