Барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай

Июль 17, 2012 11:49

Душанбе, 17 июл. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он омадааст: Ҷалолатмаоб, Фаро расидани 20-мин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фурсати фараҳбахше бароям муяссар намудааст, то Шумо ва мардуми бародари Афғонистонро бо ин санаи муборак дар таърихи муосири муносиботи байни кишварҳоямон табрику таҳният гӯям. Пас аз соҳибихтиёр гардидани Тоҷикистон кишварҳои мо муносибатҳои сиёсии хешро барқарор намуда, ба марҳалаи ҷадиди рушду густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба ва судманди худ ҳусни оғоз бахшиданд. Тайи бист соли аз ин рӯйдоди хотирмон сипаришуда Тоҷикистон ва Афғонистон, сарфи назар аз мушкилоту монеаҳои зиёди замон, ҳамшарикии созандаи хешро ҳадафмандона идома дода, таҳким бахшиданд. Дар такя ба заминаи безаволи ҳамзабонӣ, фарҳанги ягона ва анъанаҳои таърихии ҳусни ҳамҷаворӣ, сатҳи баланди эътимод ва эҳтироми мутақобила, мо ба манзури таъмини зиндагии осоишта ва манфиатҳои олии мардумонамон муносиботи миёни кишварҳоямонро ҳамаҷониба густариш дода, дар ҳама арсаҳо, аз ҷумла сиёсат, иқтисод, илму маориф, фарҳангу ҳунар ба дастовардҳои бузург ноил гардидем. Изҳори итминон менамоям, ки бар асари чунин ҳамдилӣ, пайгирии ҳамарӯза ва талошҳои муштараки тарафҳо равобити воқеан ҳасана ва мутақобилан судманди байни ду кишвари бо ҳам дӯст, ки омили муҳими сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳо дар минтақа мебошанд, дар оянда ҳам ба зинаҳои боз ҳам баландтар хоҳанд расид. Бо ин нияти нек аз даргоҳи Худованди мутаол ба Шумо, Ҷалолатмаоб сиҳатии комилу пирӯзиҳои навин ва ба мардуми шарифи Афғонистон сулҳу суботи пойдор, саодату хушрӯзӣ ва пешрафту шукуфоӣ таманно дорам.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июль 17, 2012 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент бино ва синфхонаҳои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
250 кӯдак дар «Чангоб» ба истироҳат фаро гирифта шуданд